Statistiques
Blogspot            ancien site - cliquer ici / old website - click here            Poetrypoem

TADJIK - ma biographie et mon essai Divine dignité du Verbe - en tadjik

PDF
Imprimer
Envoyer

Перевод эссе биографии и эссе “Божественная достоинство глагола” на таджикском языке.

 

АФАНАС ВАНЧЕВ ДЕ ТРАСИ

 

Афанас Ванчев де Траси дар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мавсуф муаллифи 70 китоби назм, ки тамоми услубҳои шеъриро дар бар мегирад, мебошад. Ӯ як қатор монография ва рисолаи докториро дар мавзӯи “Рамзи рушноӣ дар назми Пол Варлен” рӯи чоп овардааст.

Афанас Ванчев де Траси рисола дар бораи нависандаи машҳури эпикуриёгӣ Петроний “Аrbitre elegantiarum”, муаллифи «Satyricon» бо забони болгарӣ ва дар мавзӯи “Шеър ва метафизика дар эљодиёти Достоевский” бо забони русӣ менависад. Њамчун донишманди антиқа, мавсуф мақолаҳои зиёде дар бораи шеъри Юнону лотинӣ рӯи чоп овардааст.. Дар ду соли буду бошаш дар Тунис, бахшида ба ду шаҳри Тунис- Маъбад ва Эл-Джем: “Маъбади Ruspina - рӯӣ дунё” ва “Эл-Джем - Thysdrus - арӯси лазурӣ”, ва «Тисдруанские мозайки» се китоб ба нашр мерасонад.

Дар Шом, Туркия, Ливон, Арабистони Саудӣ, Иордания, Ироқ, Миср, Тунис ва Марокаш зиндагӣ намуда, бо дини Ислом ошноӣ пайдо мекунад ва солиёни зиёд ба омӯзиши таърихи муқаддаси Шарқ машғул мешавад. Аз ҳамин даврон Афанас Ванчев де Траси бо забони фаронсавӣ китоби таърихии Мустафо Тлас (Шом) “Зенобия, маликаи Палмира”-ро менависад. Ӯ ду соли зиндагӣ дар Русияро (1993-1994) ба омӯзиши назми рус мебахшад. Мавсуф зиёда аз 50 шоирони рӯи дунёро ба забонҳои гуногун тарҷума карда, ба ҷоизаҳои гуногуни адабӣ сарфароз гардидааст. Аз ҷумла шоҳҷоизаҳои Solenzara (Francija, Гран-при А.С. Пушкин (Rossija), Гран-при Aleksandr Velikii (Grecija), Гран-при Naim Frashëri (Albania) ва ғайра.

Афанас Ванчев де Траси узви Академияи Фаронса, узви вобастаи Академияи илмҳо ва санъати Булғория, узви Академияи адабии Бразилия, узви Академияи маорифи Украина ва узви Академияи илм, санъат ва адабиёти Аврупо мебошад. Инчунин, мавсуф доктори фахрии Донишгоҳи Велико Тирново, Булғория, Академияи адабиёти Бразилия ва Missi Dominici Вазорати корҳои хориҷии Фаронса, узви ПЕН-клуби Фаронса ва Иттифоқи нависандагони Фаронса мебошад.

Айни ҳол Афанас Ванчев де Траси Президентии Ҳаракати “Poetas del Mundo” (Шоирони ҷаҳон), ки зиёда аз 10 ҳазор аъзо аз тамоми дунё дорад, Сафири сулҳи доираи сафирони сулҳи Женева ва ғайраро бар уҳда дорад. Мавсуф бо олитарин ҷоизаи давлати Булғор-ордени ба номи Стар-Планин сарфарозонида шудааст. Ашъори ў бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудааст.

Инак чанде андешаҳои олим, шоир ва тарҷумон Афанас Ванчев де Трасиро таҳти унвони “Наҷобати илоҳии сухан” пешкаши шумо мегардонем.

 

 

 

НАҶОБАТИ ИЛОҲИИ СУХАН

Ман як умр мафтуни лутфи лафзи ҷонбахши ноби шеър будам, бароям менамуд, ки баҳорон дар баргҳои нозуки гули сухан шеър шабнамсон медурахшид. Аз даврони тифлӣмоҳияти худододии шеъри нобро дарк мекардам. Дар замони наврасӣ зуд донистам, ки то чӣ андоза мо ва олами атрофи вуҷуди мо камбағалем ва кӯшиши ҳимояи он то кадом пояи зарурӣ бефоида аст. Дар байни хоҳишу кӯшиши беҳавсалаи амалинашавандаи мардум ва олами атроф нафасгардон будам. Дар ин олам чӣ тавр бояд мезистам? Ба ин савол худам ҷавоб меёфтам: Чун аксар ором? Дар ҳалқаи тақдир? Рӯйи мавҷи орзуҳои ботил? Ва ҷавоб медодам: Не! Ман орзуи дарёфти рамзи нурро, бадаст овардани қофияҳои бонизоми зиндпгиро мехоҳам. Ман садои маҳин, ширин, дилрабои садои булбул шудан мехостам, ки бо ин нозукию кӯчаки шамшери субҳи содиқ буду сояи тӯбӣ. Ман қудрати аз чашм ноаёни вақтро эҳсос кардан мехостам. Қалби беқарори банда ташнаи дарки зебоӣбуд. Дар ҳама шакл у зуҳурион. Баихтиёр аз шаклу намуди муназзами гулу дарахтон лаззат мебардоштам,аз ҳаракати ботартиби мӯру малах кайфият мегирифтам, аз завқи мавҷудияти атроф панд меҷустам. Хеле дарвақт бо тамоми ҳастӣ оромии хоксорона, хомӯшии пур аз панд, ҳаяҷони рӯҳиоламро, мавҷудияти даркнопазири пурмуаммои олами берунаро, дар назар беҳаракат, аммо дар амал кори пуроталошу ғарқи ҳаяҷони дилҳоро дӯст доштам. Дарвақт дарк кардам, ки амалҳои олами атроф аз худашон, шаклу намудашон нисбат ба он чизе, ки ба назар менамояд, аҳаммияти бештаре доранд. Ман бояд худро дар роҳи эҳтиёти дарки дақиқ ва огоҳ тарбият мекардам. Аз ин рӯ дар баҳри хобҳои ширин шино карданро омӯхтам. Бо ин восита умқи аҷоиботи зиндагиро дарк намудам. Ҳаяҷони худро дар хонаи муҷаҳҳази хеш банд кардам, то ба баҳри беканори назми ғарқи нури хуршед, ба садои ганҷомези он халал нарасонад. Ин ганҷ дар синаи худ хомӯшии мунаввари муайянро ниҳон медошт ва маро то мулки шаҳаншоҳии ҳақиқат раҳнамоӣ мекард. Ин ганҷ ғуссаи бонизомро, ки дар ҳамсоягии саодати абадӣ маскан дошт, дар оби шафофи худ ниҳон дошта, ба назди мо дарки назарияи Худоро пойандоз карда буд. Маҳз бо воситаи вожа, калимаҳо ман ишораҳои олами беҷони атрофро дарк намудам. Байни ҳаёт, озодӣ ва ман мавҷудоти муқаддасе ҷой гирифта буд,ки дӯстонам аз амали он дарк мекарданд, ки чӣ тавр дар дили ман шеър ғулғула андохтааст. Ман дар бораи он озодие сухан меронам, ки барои дар якборагӣ дар маҷмӯъ, яклухт, айни замон урёншунидани садои Замин имкон фароҳам овардааст ва бо ин восита дер ё зуд моҳияти аслии вақтро дарк хоҳем кард.

Ҷараёни ҳаёти ҳар фард аҷиб аст. Бо мароми оҳистагӣ нуру сухани алоҳида завол меёбад. Ба ибораи дигар, фано интизори дилҳои пурумед аст. Мотами рӯзи рафта, зарби дилҳи ошиқ, қуллаи дарахтони сурудхони даврони

падидаи субҳ ва чашмпӯшии пур аз хотираи ранги ғуруби Офтобро гирифтан осон аст. Оҳ,хоса дар лаҳзае, тамоми мавҷудот дар талош асту дар фазои вақт дартоз!

Аммо мо насри номақбули ҳаётро бо эҳсоси дигар пур кардан мехоҳем. Ин зуҳурот, амал, одати эҳёи хотирот аст,ки дар он дастон бо меҳр пайвасти якдигаранд, лабони ошиқон чун донаҳои баргпайванд бо ҳам часпида.

Қисмат- риштаи ногусастанӣ дорад гӯё, аммо талошҳои пешинро дар бағал дошта наметавонад, зеро мо ғуломи одатҳои ҳаррӯза ҳастем.

Ман беихтиёр дар бораи онҳое андеша меронам, ки пеш аз мо зистаанд. Дил гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо куллан нест нашуданд, аз байни мо номгум нарафтаанд. Рафтагони рафта ба оби равони ларзони хобҳои шаб меоянд: рӯҳҳои хоксор, фурӯтан, беозор. Бо вуҷуди хоксорӣ ҳама вақт захми зарби ҷовиди худро дар тани носуфтаи вақт монда мераванд. Маҳз ҳамин дари роҳрави захм дари абадиятро мекушояд. Мо барои онҳо мотам бояд гирем. Мо ба сӯйи худ, ба вуҷуди худ суфитурғайи баҳориро дар зери борони тобистон равона кунем. Донем, ки шабонгаҳ ҳам мо танҳои танҳо нестем. Олами ларзаю сухан моро иҳота дорад. Дар паҳлую дар атроф ҷаҳони улвӣ, дунёи охират. Нафаси гарму афкори равшан бо осонӣ он дунёи фаромӯшшкардаамонро зинда мекунад.

Биёед, ин олами сеҳрро бо садои равшани баланди худ ба боди фано надиҳем. Булбуле шавем, он мусиқии форами танҳо ба ин ҷонвари барои ҳама азиз мансубро бо гулӯи мавҷҳои нилфоми мавҷи баҳрҳо сароем.

Бисёр вақт ман чунин катибаи санги мазори офаридаи лорд Ҷон Байроро ба хотир меорам: “Мавҷудоти ҳамакор, бо қувваи беозор, бо ҷасорати бехавф ва бо ҳамаи хислати инсонӣ ”.мавҷудоте, ки каму беш ба саг наздик аст-шоир ном дорад,ки забони ширини саршори танҳо хоксору садои рангину дурандеш насибаш гаштаву ҷилои хос ва маънои дилнавоз дорад. Макони ин сухан бо латофати шарораш дар мисраъҳо макон гирифтааст. Ҳаракати печидаи пуртоқати он мавҷудоти ба чашм ноаён ба тану ҷон ҳаракати ширин мебахшад.

Ман мунтазам шунидани мусиқии ҳамзамонони Вивальди (1678-1741) – Галуппи и Тартиниро дӯст медорам. Мусиқии онҳо на танҳо ба гӯш мерасад, балки онҳоро кас бо чашм мебинад. Дар зери оҳанги онҳо дили ман аз кӯлмаки лаби чашма гули сафеди себарга мечинад, то ки достонҳоям хушбӯю ботароват шаванд. Дар тамузи рӯзи равшан онҳо чунон шаффофанд, ки имкони киштиҳои баҳри осмонро ,ки дар дили манн раҳгум задаанд, дидан мумкин аст. Дар ин лаҳзаҳо дар сояи салқин истироҳат карда, банда аз кушодани муғчаи гул лаззат бардошта, якшанбеи Сесили муқаддасро тасаввур мекунам, ки аз гиряи пуралами доғи азоби ҳиҷрони Исои Масеҳ дар салиб кӯр шуда буд. Аз сардии ин ашки муқаддас вараҷа танамро фаро мегираду нармии бӯсаро дар тани шалпарам ҳис мекунам. Дар ҳавои садои адвори онҳо худро дар дури дуриҳо эҳсос мекунам, ки дар атрофии издиҳоми беқайд садо мебарорад, суханони берабту бемазза, дараҷаи тафаккуру заҳри бемаънигиро ба намоиш мегузорад. Ҳамагуна ҳақиқати сода зарурияти омӯзиш дорад.

Ашъори ҳақиқӣ ҳамавақт нерӯманду наваст. Он донишу фазолат ва дили саршори ҷавонмардию футуватро талаб мекунад. Забони оммавии халқро ба ҷараёни баҳри маъниҳои бузург, ба калимаҳои саршори нури моҳтоб ва ё шуълаи равшан табдил додан зарур, то бо бӯйи хуши дилангез онро ба сӯйи омма барад. Абракони хурди пашмакмонандро ба абристони ҳаловатбахш табдил додан вазифаи сухан, шеъри малакутӣ аст. Сухан бояд майи махмуркунанда, эҳсоси сангу дар як замон борони нармро дар оғӯш дошта бошад. Чунон бошад, ки вақту замонро бо ҳам оварда тавонад.

Чунон бошад, ки ҳеҷ чиз хомӯш нашавад, орзуи бунёдгар нисбати хоби ширин ҳар лаҳза қавитар садо диҳад. Каломи шеър табассумҳоро ҷовид месозад ва дастхатҳоро аз ботилшавию фаромӯшӣ эмин медорад.

Ман медонам, ки дар ин замон ҳамаи бахт кӯтоҳумр шудаасту, ҳамаи сурудаҳо мазҳабу дин ва эътиқод гаштаанд. Ин имкон медиҳад гӯям, ки нолаи кабки хушхон ҳар рӯз ба ҳаёти манн саодате меафзояд. Даштҳои беохир тафаккур, осмони беканори ақл садои зангӯлаи рӯҳбахши зиндагиро менавозанд.

Ҳар достон хамираи ҷон аст, ки аз байни меғро шикофта берун баромадааст. Шеър доруи дармонбахши пешгирии беҳавсалагӣ, мондашавӣ, танҳоӣ, худгурезӣ, пирию дармондагист. Он бо хусусияти хоси танҳо барояш мутааллиқ ҳодисаҳои маъмулии ҳамарӯзаро аз инсон дурр месозад. Хондану дарк кардани назм ҳазорон роҳҳои хоси худро дорад. Равшании он воқеиятро пеши назар бо тарзи хос шарҳ медиҳад. Ӯ барои мо мададгори аз худ дурр андохтани бадтарин воқеият аст. Ваҳ, чӣ дӯст медорам ҳаракати муназзаму босуръату қотеи суханро! Вақте ки дар ҷамъияти сухани ноб сарф кардаам, заррае гард надорад.

Вақте ки ба дилам ғуссае ҳуҷум мекунад, ба моҳияти асарҳои мондагори дайру хонақо рӯ меорам: ба Хезутиуси Байтулмуқаддасӣ (фавташ с. 450), ки майдони фарохи тавбаю тазарро пешам мегузорад, ба Масаири муқаддаси Мисрӣ (асри IV) бошад бо «дуоҳои рӯҳӣ»-и худ, ки ба ибодат даъват мекунад, ба Нилу Синати муқаддас (с.с 360 – 430) рӯ меорам, ки бо суҳбатҳои рӯҳонии ба сӯйи Худо мебарадам, ба Жан Климаки муқаддас (а.VI-ё VII) ҳамроҳӣ меҷӯям, ки сайри самои малакутӣ меомӯзад.

Барои ҳамаи ин рӯҳҳои нурбор ибодат, матни он асарҳои фариштагон-ҳаммеваи моддӣ ва ҳам рӯҳӣ аст. Он ҳама кайфияти абадӣ, амали раҳмдилӣ ва нони рӯҳӣ мебахшад. Ҳамаи ин сарчашмаи қадру манзалат, фаровонии некию накӯкорӣ, таоми рӯҳу тан ва нури ақл ба шумор меравад. Ибодат дарки ояндаи мост. Инчунин ман асари «Диншиноси ҷадид»-и Семеони муқаддас (949-1022)-ро дӯст медорам. Сурушҳои ӯ саршори одамият, ганҷи нурафшони қалб, роҳнамои самти офаридгор аст.

 

 

Ман гарди Теодори муқаддасро (дарвеши охири асри IV) эҳтиром мекунам, ки навиштааст: «Ту хамӯшии ва олами истироҳатӣ! Ту баҳри олами сағири рӯҳбахши худ астӣ, рӯҳ аз хамӯшӣ равшан мешавад ва ниҳон ба худ будан тарсу эҳтирому покиро ба роҳи Худо мебарад».

Ин ҳама манфиат, ҳокимият, ҳиммат, бахшоиш, равшанӣ,талошу таркиш, маълумоту ҳастӣ, камолот ва ҳамаи он чизе, ки хосту сифати Худо аст, ки ченак надорад ва хонда намешавад. Ана барои ҳамин ман суханони Ҳилгамашро ҷонибдорам, ки гуфтааст: “Барои зиндагии инсонҳо рӯзҳои башумор муқаррар шудааст. Он чизе, ки мекунанд, шамоли гузарост”. Албатта шамоле, ки аз сӯйи Худо мевазадва бо барои абадят будан ба сӯяш бармегардад. Рагҳои лоҷувардӣ алҳол аз умқи вуҷуди ман, рӯҳи ман мегузаранд. Орзую нияти дигар ҳам надорам. Бигзор он маҳсулноку дилпазир аз пеши назарам, аз сарам гузарад. Ҳеҷ чизу мавҷудот, ҳатто аъҷуба, деве, ки Марта де Бетании муқаддас наҷот дода буд, кайфияти оромии тафаккури маро халалдор карда наметавонад. Мехостам достонҳои худро на дар мармари зебои кӯҳӣ, балки дар санги лоҷуварди ҳамвори силлиқи бемонанд сангнавишт кунам. Умре маро мақсади кору амали бе камбудию бесобиқа, ба дараҷаи олӣ пеши назар ва мақсади амал буд. Мехостам чун зангӯлаи садои равғанини роҳиб амали бе каму кост дошта бошам, то ганҷи умқи дилам бештар тавлид шаваду ба берун пойандози дигарон шавад.

Худоҳои ишқ лабҳои мор бо ҳам кафшер кардаанду бо риштаи муҳаббат пайвастаанд. Онҳо хоб нарафта дар ҳимояи оғӯши гарми моянд.

Ман бо занҷири қисмат ҷавонмардонаю шадид муборизаҳо бурдаам. Бо ҳокимияти кару гунги морҳои заминӣ дастогиребон шудаам. Шеъри ман набояд нолаи адвори сард, як қисмати садои пасту баланд, ранги номуайян, балки равшану фаҳмою ором садо диҳад. Ман ба асрори қабрҳо, ба ғурури қоқнусҳои ҳазоровоз, ба парвози озоди гулхонаҳо эҳтиром дорам, ки дар байни онҳо будани маро касе дарк намекунад. Ман аспро бо юрға меронам. Танҳо дар дафтарчаҳои барам хати равон мекашам, ки дар оянда пояи асар ва хати сужа мешаванд. Ба ин хатҳо каси дигар набояд қалам ронад, ин хати корзори ман аст. Ман бими лағжиш дорам.

Садои ороми суруди хоки равон, мусуқии хоксоронаи мавҷҳои хурд, ки нафаси тоза доранд, ҳама вақт ҳаваси маро меоварданд. Аз замони тифлӣ мехостам соҳири сухани шоирона бошам. Шеър мақсаду мароми ман шуд, шаҳди мӯъҷизаам шуд, ки дар дунёи куҳан бо он бемориҳоро шифо мебахшиданд, бо туфайли он аз ҳасуд, чашми бад, аз дарди бедаво раҳо меёфтанд. Бо Мартин Ҳайдергер (1889-1976) инсонро ҳамчун «достони оғози ҷаҳон» муайян менамоям.

Дунёро тасвир карда, аз он достони ҷовид созаму васфаш кунам, то андозае, ки дар маъбадҳои кулли рӯйи Замин онҳоро сароянд.

Ман шабҳо танҳоиро, ки тафаккури тоза меорад, мепарастам. Орзу доштам, ки аз Замин қувваю гармияшро канда гирам. Камонвар шаваму тири камонамро ба маркази он фиристам. Барои инсон аз ба даст даровардан ва истифода бурдани офариниши ранго-ранги рӯйи Замин мақсади болое нест. Дар акси ҳол ҳаёти ӯ ба сатрҳои холии шикваю нола табдил меёбад. Ақл бояд бо ҳаракати дунё дар низом бошад. Ана дар ҳамон вақт кас шодии беохири Офарандаро дарк хоҳад кард.

Ман лаҳзае аз фикр дур накардаам, ки бе муҳаббат зиндагӣ кардан маъное надорад. Танҳо Офаридгор-Худо ва ҳақиқат ин пайванди бебаҳоро,

ҳастӣ ва вазифаи мавҷудотро муайян мекунад. Муҳаббат асоси ҳама, асоси асосҳост. Ин асосбахшандаи ризқ, пок, соф, тоза, озода нигоҳ доштани роҳи зиндагӣ, кафолати қурби ҳақиқатҷӯйӣ, амали қотеъ, сабабҳо ва сарчашмаҳои он мебошад. Принсип ибтидои назариявӣ буда, роҳ ба сӯйи дониш аст ва айни замон татбиқи амалии мақсаду ниятро дар бар мегирад. Сарчашма бошад дар навбати худ аз ибтидои нимкора маълуми ибтидо ва таърихи пойдорию пайдоиш гувоҳӣ медиҳад.

Чанд андеша дар бараи муҳаббат. Муҳаббат озодист,озодии комил, озодии мутлақ. Дӯст доштану муҳаббат қонуни аз ҳама баланд, қонуни муқаддас аст.Муҳаббате, ки ишқ ба он ошиқ аст, хоҳишро, тамоми оламро, ба ҳар чизе, ки даст мерасонӣ, нурбор мекунад. Кифоя аст, ки дӯст дорӣ, дарк мекунӣ, ки кашф карда метавонӣ, меҳрубон мешавӣ, осмон меҳрашро, назокаташро бар сарат меафшонад. Маҳз муҳаббат дардҳо бедаво, ҷароҳати пӯсидаро даво мебахшад, сарҳадҳоро то канори Замин мерасонад ва ҳама ҷараёни шӯлабори ботинраборо ба низом медарорад.

Дар хуни мани инсон ва шоир миллион ва миллиардҳо мавҷдот умр ба сар мебарад: ҷанобон, сенорҳо, ғуломон, роҳибон,фолбинҳо,дарвешу муқаддасҳою пайғамбарон. Умри ман танҳо аз маҷмӯи эҳё, зинда кардани ҷовидона онҳост. Хотираи худодод ба нест шудани ин хазина роҳ намедиҳад.

Борҳо асари олиҷаноби Оливье Клемента (1921-2009) «Исёни Ақл»-ро хондаам. Он ҷо омадааст:“Хати тақдире, ки дар он инъикос ёфтааст, ҳама вақт ҷони маро ба ларза меовард: роҳи ҳаёт муайн шудааст: инак дар як паҳлуи ман вайронӣ, зулму куштор, дар паҳлуи дигар бошад равшани ягонагии вайроннашаванда, раҳму шафқат, шодии роҳи Худо, дунёи худоӣ, олами он зоти ягона,ки аз ҳамаи мавҷудоти соҳибтафаккур боло меистад. Шӯриш амал дорад он ҷо, ки оқибат аз болои ақл ғолиб мешавад”. Ман дарк мекунам, ки як рӯз кофист, ки аз чанд ҳосили нур баҳра бардорӣ. Эътимод, боварӣ симои беохирӣ шӯълаи падидаи субгоҳист, ки онро инсон ҳамчун ҳадяи кайҳон бо рангҳои ноёб ба ҳайси бахшиш ба оғӯш мегираду аз он ҳаловат мебардорад.

Назм, шеър, сухани лутфбор, мегӯяд Грегуар де Нисии муқаддас (дар байни солҳои 331-341 тавллуд шуда, баъди 394 вафот кардааст) дар асари худ “Ваъз барои суруди сурудҳо” гуфтааст: “парвози беохири рӯҳ дар боли кабӯтар аз ибтидо то ибтидо бо як ибтидо ҳеҷ анҷома надорад”. Чӣ шартномаи наҷиби вақт ва ҳаёти ҷовид!...

Ин марҳилаест дар байни ду лаҳзаи дилзании рӯҳи инсон. Оё мо дар якҷоягї бо шумораи беохири фариштаҳои моро ҳамроҳ чашми худро ба сӯйи нури ҷовиди беохир кушода метавоем?

Фариштаҳо ба гӯши ман пичиррос мезананд: «Аз ашки худ ба мо қисса кун, то мо сухани адолатро дарёбем, ишораи заруриро ба даст орем, меъёри оромию хомӯширо намоем, ки ҳама ҳақиқӣ бошанду ба сухан табдил гашта посухи ҳақ ба забон оранд».

Оре, назм забони нозуки бародарист. Достонҳо шаддамарҷонанд, ки дар як лаҳзаи зиндагӣ аз дасти шоир афтодааст.

Мехостам ин муқаддимаи кӯтоҳро бо пораи достони даврони ҷавониям ҳусни хотима бахшам:

«Худоё, даъватам кун,назди худ хон,

Бибаркаш дар тарозуи муҳаббат,

Бубин, ки ҳамчу олам вазн дорам

Ба-дин сурат, ба-дин андому қомат».

 

Тарҷумаи Абдуқаҳҳори Ќосим,

Султонмуроди Одина